Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Матвиенко: Трамп воқеан ба созиш дар Украина манфиатдор аст

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия мегӯяд, ки раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп воқеан ба созиш дар Украина манфиатдор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко гуфт, ки президенти ИМА Доналд Трамп воқеан мехоҳад дар Украина сулҳ барқарор шавад.
"Ман фикр мекунам, ки Трамп воқеан ба созиш манфиатдор аст", - гуфт раиси Шӯрои Федератсия ба хабаргузории Вести.
Ба андешаи вай, фиристодаи вижа президенти ИМА Стив Уиткофф ва домоди раҳбари Амрико, Ҷаред Кушнер, на ба Русия ва на Украина содиқ нестанд.
Матвиенко изҳори итминон кард, ки амалиёти низомӣ вақте хотима меёбад, ки Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида аз интиқоли силоҳ ба Украина, аз таъмини иттилооти моҳвораӣ ба Украина даст кашанд ва дар ниҳоят бо қатъият бигӯянд: "Ҳамин тавр, шумо пирӯзро ба даст намеоред.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Матвиенко: Украина ҳамчун давлат боқӣ мемонад, аммо суол дар соҳибихтиёрии он аст
ИМА манфиатдора аст ҳар ду кишвар пушти миз нишинанд ва дар бораи поёни ҷанг ба созш расанд.
"Ҳоло чунин мавқеи сахтгирона вуҷуд надорад... Ман мехоҳам онро бубинам. Хуб, шояд баъзе мулоҳизаҳои муваққатӣ ё мулоҳизаҳои дигар вуҷуд дошта бошанд", - хулоса кард Матвиенко.