ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков, изҳор дошт, ки кишвараш мӯҳлати муайянеро барои хуруҷи нерӯҳои Украина аз Донбасс муқаррар накардааст.
Дар охири моҳи март, Владимир Зеленский иддао кард, ки Маскав ба Украина ду моҳ муҳлат додааст, то нерӯҳояшро барорад кунад, вагарна шартҳои созишномаи сулҳ тағйир меёбад.
Песков инро рад кард, аммо қайд кард, ки хуруҷи нерӯҳои Украина аз минтақа ба ҳалли низоъ мусоидат хоҳад кард.
"Барои ин, Зеленский бояд масъулияти сиёсиро ба дӯш гирад ва қарори мувофиқ қабул кунад. Мӯҳлатҳо вуҷуд надоранд. Ин бояд имрӯз анҷом дода шавад, ё беҳтараш, бояд дирӯз анҷом дода мешуд", - гуфт сухангӯи Кремл.
Ба гуфтаи вай. барои он ки марҳилаи гарми амалиёти низомӣ ба охир расад, Украина бояд ин шартро иҷро кунад.
Песков қаблан таъкид карда буд, ки таваққуф дар раванди сулҳ аз интизории хуруҷи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина аз Донбасс вобаста нест; он аз сабаби вазъият дар Ховари Миёна ба миён омадааст.
Аз аввали сол ҳайатҳои Русия, Украина ва Иёлоти Муттаҳида се даври музокирот баргузор карданд. Охиринаш дар Женева 17-18 феврал баргузор шуд. Дар бораи макон ва вақти тамосҳои нав ҳанӯз тафсилоти мушаххасе дастрас нест.