ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиши кишвар дар сатҳи ҷумҳурӣ 54,3%-ро ташкил менамояд.
Дар ин бора Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат имсол дар ҳама шаҳру новоҳии кишвар Рӯзи даъватшаванда дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор шуд.
Қайд карда шудааст, ки чун солҳои қаблӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои пурраи нақша, гузориш дод.
“Вилояти Хатлон низ назар ба солҳои қаблӣ пешсаф буда, нишондиҳандаҳои назаррас дорад. Ин аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмиати ҳарбӣ, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Вахш нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуданд”, - қайд кардааст вазорати дифоъ.
Ҳамзамон ба иттилои вазорати дифоъ, бархе аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.
Зикр гардидааст, ки масъулини дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ дар самти мазкур фаъолият намуда, кушиш менамоянд нақшаро дар муҳлати муайян иҷро намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола санаи 1 – уми апрел дар кишвар даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баргузор мешавад.
Ин чорабинӣ дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, тибқи он ҷавононписарони аз 18 то 27 солаи солим ва қобили хизмат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб мегарданд.