ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳори умедворӣ кард, ки замоне фаро мерасад, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Иттиҳоди Аврупо бо ҳам ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Изҳороти раисҷумҳури Русия дар шабакаи телевизионии "Россия 24" нашр шуд.
Раҳбари Русия қайд кард, ки кишвараш ҳамкориҳои Арманистон бо Иттиҳодияи Аврупоро дарк мекунад, аммо Ереван наметавонад якбора узви ду иттиҳоди гумрукӣ бошад.
"Рӯзе, шояд дар оянда, ИИАО ва Иттиҳодияи Аврупо - умедворам, ки мо дар ниҳоят дар як қитъа зиндагӣ мекунем - метавонанд ихтилофоти худро ҳал кунанд. Аммо ҳатто пеш аз бӯҳрони Украина, мо кӯшиш кардем, ки бо аврупоиҳо дар бораи ҳамкорӣ ба мувофиқа бирасем ва аз ин ҳеҷ натиҷае ба даст наомад", - гуфт Путин.
Ба гуфтаи вай, ИА "дар қариб ҳама масъалаҳо, ҳатто дар масъалаи сабук, мавқеи хеле сахтгирона дорад".
Раисҷумҳури Русия инчунин умедвор аст, ки дар давоми солҳои оянда ИИАО ва ИА имкон хоҳанд дошт масъалаҳои баҳсбарангезро ҳал кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.