ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Изҳороти Владимир Зеленский дар бораи таъмини Украина бо силоҳи ҳастаӣ як иғво аст.
Инро Владимир Константинов, раиси парлумони Қрим, изҳор дошт.
"Ҳар гуна силоҳе, ки дар он ҷо пайдо мешавад, ҳамон рӯз ба Русия фиристода мешавад. Кишвари мо ба ин иҷозат намедиҳад. Аз ин рӯ, чунин изҳорот як иғво аст, чизи дигаре нест", - гуфт Константинов ба РИА Новости.
Қаблан Зеленский изҳор дошт, ки мехоҳад илова бар кафолатҳои амниятӣ барои Украина силоҳи ҳастаӣ низ бигирад.
Президенти Русия Владимир Путин, қаблан изҳор карда буд, ки эҳтимоли пайвастани Украина ба НАТО ба амнияти Русия таҳдид мекунад ва ин таҳдид яке аз сабабҳои оғози амалиёти махсуси низомӣ буд.