ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов бо аъзои раёсати Бунёди байналмилалии наҷоти баҳри Арал, ки раёсати он аз ҷониби Қазоқистон имсол ба анҷом мерасад, мулоқот кард, хабар медиҳад Liter.kz.
Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, муаррифӣ кардааст.
Дар ҷаласа масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ дар бахши об, арзёбии самаранокии фаъолияти Бунёд ва омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо - аъзои асосгузори Бунёди байналмилалии наҷоти баҳри Арал, ки 22 апрел дар Остона баргузор мешавад, баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа ба рақамикунонии баҳисобгирӣ ва идоракунии об таваҷҷуҳ карда шуд.
"Мо дар бораи татбиқи марҳилавии системаи ягонаи амалиётӣ барои баҳисобгирӣ, тақсимоти захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёҳои Сирдарё ва Амударё муҳокима мекунем. Ман итминон дорам, ки рақамикунонӣ ва баҳисобгирӣ шаффофиятро дар истифодаи об таъмин мекунад. Дастрасии маълумоти боэътимод ва мониторинги муштарак эътимоднокиро байни давлатҳо таъмин мекунад ва имкон медиҳад, ки самаранокии идоракунии об беҳтар карда шавад", - қайд кард Олжас Бектенов.
Вай қайд кард, ки, Қазоқистон лоиҳаи истифодаи об дар Осиёи Марказиро таҳия дорад.
Ин ҳуҷҷат бояд принсипҳои мувофиқашударо барои истифодаи оқилонаи захираҳои об, пешгирии садамаҳои фаромарзӣ ва рушди мубодилаи иттилооти гидрологӣ муқаррар кунад.
Ҳамчунин дар ҷаласа ба беҳтар кардани сохтори ташкилӣ ва чаҳорчӯбаи ҳуқуқии Бунёди байналмилалии наҷоти баҳри Арал барои баланд бардоштани самаранокии Бунёд, тақвияти ҳамоҳангсозӣ байни муассисаҳои он ва таъмини иҷрои самараноки қарорҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин ба таҳияи равишҳои ҳамоҳангшуда барои масъалаҳои асосӣ дар арафаи ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Бунёди байналмилалии наҷоти баҳри Арал таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд.
Пас аз мулоқот, ҷонибҳо манфиатдории худро барои идомаи муколамаи созанда, рушди дипломатияи обӣ ва ёфтани роҳҳои ҳалли муштарак, ки ба идоракунии устувори захираҳои об дар минтақа ва беҳтар кардани вазъият дар ҳавзаи баҳри Арал нигаронида шудаанд, тасдиқ карданд.