Супоришҳо дод: Раҳмон аз мушкилот дар рушди саноату кишоварзӣ дар Суғд таъкид кард

Раисҷумҳури кишвар бо роҳбарону фаъолони Суғд натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар моҳҳои январ - феврали соли 2026 баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Дар шаҳри Гулистон раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот кард.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар, президент назди масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, вазифаҳои мушаххас гузошт.
Вай дастур дод, ки суръати рушди иқтисодӣ боз ҳам тақвият дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон зарур донистанд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмин ва ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои кории нав, рушди истеҳсолот ва афзоиши содирот таҳти назорати доимӣ қарор гирад.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон ба сохторҳои марбута супориш дод, ки фаъолияти худро дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва таъмин намудани рушди устувор боз ҳам тақвият дода, барои бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда чораҳои мушаххас андешанд.
Сафари Раҳмон ба Суғд аз ифтитоҳи театри ба номи Пушкин оғоз шуд
Дар ҳамин ҳол, раҳбари Тоҷикистон зимни таҳлили соҳаи саноат гуфта шуд, ки суръати рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.
Ба вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти вилояту шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки сабабҳои коҳиши истеҳсолот дар бахши истихроҷро пурра таҳлил намуда, барои барқарор кардани суръати рушди он тадбирҳои мушаххас ва муассир андешанд.
Дар робита ба фаъолияти номуназзами баъзе корхонаҳои саноатӣ дар вилоят зарур шумурда шуд, ки барои ба кор андохтани корхонаҳои ғайрифаъол ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии онҳо чораҳои фаврӣ андешида шаванд.
Ҳамчунин супоришҳо, дар бораи таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла бо либоси мактабӣ дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ислоҳи камбудиҳои дар ин бахш ҷойдошта ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин суръати кишт, аз ҷумла пахтаро таъмин намуда, истифодаи пурраи заминҳои кишоварзиро ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки иҷрои пурраи нақшаи бунёди боғу токзорро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Раҳмон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъди навсозӣ ифтитоҳ кард.
Раисҷумҳур илова кард, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд.
Роҳбари давлат ба сокинони ватандӯсти вилояти Суғд, соҳибкорон ва роҳбарону фаъолон барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти Ватан изҳори сипос намуд.
Инчунин раисҷумҳур дар ин ҷаласа таъкид дошт, ки фаъолияти як қатор ташкилотҳои қарзӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, бахусус, дар минтақаҳои дурдаст беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.
“Супориш дода шуд, ки масъулини сохторҳои марбута гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи воситаҳои рақамиро суръат бахшида, сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасӣ ба онҳоро барои аҳолӣ ба таври куллӣ беҳтар намоянд”, - қайд кардааст мабаъ.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки то ҷашни умумимиллӣ-35-солагии истиқлоли давлатӣ боз 3 ҳазор иншооти дигарро бунёд ва ба истифода хоҳанд дод.