Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Кори мушакандозҳо дар минтақаи амалиёти вижжа: видео

Сарбозони артиши Русия мавқеъҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро дар самтҳои гуногуни минтақаи амалиёти вижа нобуд мекунанд
Sputnik
Вазорати дифоъи Русия видеои кори сарбозони гурӯҳи "Марказ"-ро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ нашр кард.
Мушакандозҳо ба мавқеъҳои оташфишонӣ ва ҷамъомадҳои сарбозони артиши Украина дар самти Днепропетровск зарба заданд.
Тӯпчиёни гурӯҳи "Шарқ" бо хумпораҳо ҳушманд зарба заданд ва нуқтаҳои ҷойгиршавии сарбозони душманро дар минтақаи Запороже нобуд карданд.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Пешравии артиши Русия дар маркази Константиновка
Президенти Русия Владимир Путин тасмими худро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижжаи низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.