ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки то ҷашни умумимиллӣ-35-солагии истиқлоли давлатӣ боз 3 ҳазор иншооти дигарро бунёд ва ба истифода хоҳанд дод.
Дар ин бора Хадамаоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
“То ҷашни умумимиллӣ-35-солагии истиқлоли давлатӣ бо ҳамовозӣ бо сиёсати созандаи ҳукумати кишвар илова ба нақша боз 3 ҳазор иншооти дигарро бунёд ва ба истифода хоҳем дод”, гуфт раиси вилояти Суғд зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Суғд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд.
Президенти кишвар ба сокинони ватандӯсти вилояти Суғд, соҳибкорон ва роҳбарону фаъолон барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти Ватан изҳори сипос намуданд.
Дар мулоқот кишвардори Тоҷикистон бори дигар аз зарурати дар сатҳи олии тадорукотӣ баргузор кардани ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуд.
"Мардуми заҳматдӯсти вилояти Суғд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, рӯҳияи созанда ва садоқат ба давлату миллат дар амалӣ гардондани ҳадафҳои стратегии кишвар ва ободонии диёри худ саҳми боз ҳам бештар мегузоранд",-иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.