ДУШАНБЕ, 29 мар - Sputnik. Сафари кишвардори Тоҷикистон ба вилояти Суғд аз ифтитоҳи бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин пас аз навсозӣ, оғоз шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Театр дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ ҷойгир мебошад.
Иншооти навсозишуда аз толори калону барҳаво бо 300 ҷойи нишаст, толори хурди тамрин, 14 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Дар иншооти фарҳангӣ, толори асосии тамошо, саҳна, даромадгоҳ, ҷой барои либосовезӣ, ҳуҷраи ҳунармандон, ҳуҷраи пардозкорӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои рассомон ва дуредгарӣ мавҷуд аст.
Баъди навсозӣ дар Театри давлатии драммавии русиии ба номи Александр Пушкин, 36 сокин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Иншооти мазкур баъди муддати тулонии фаъолият ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт ва дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҳукумати кишвар пурра навсозӣ гардид.
Раҳмон дар театри ба номи А.С.Пушкин дар шаҳри Бӯстон
Дар даврони истиқлоли давлатӣ театр ба як қатор муваффақиятҳо ва дастовардҳои баланди эҷодӣ ноил гаштааст.
Дар ин ҷо кишвардор бо аҳли ҳунар суҳбат намуда, бо фароҳам овардани шароити муосир барои рушду нумуи соҳа ба масъулин барои ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ҷалби ҳунармандони соҳибзавқу хушсалиқа тавсия ва дастурҳои мушаххас додааст.