Шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ: Тоҷикистону Узбакистон 19 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд

Тоҷикистону Узбекистон пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии дар Тошканд 19 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Роҳбарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев зери Изҳороти муштараки роҳбарони ду кишвар дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ имзо гузоштанд.
Ҳамчунин сарвазирони ду кишвар Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов ба Барномаи зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол то 2 миллиард доллар миёни Тоҷикистон ва Узбекистон то давраи соли 2030 ва Барномаҳои ҳамкории саноатӣ миёни ду кишварро ба имзо расониданд.
Тоҷикистону Узбекистон додугирифтро то соли 2030 ба 2 миллиард доллар мерасонанд
Сипас, дар ҳузури Сарони ду давлат санадҳои зерин ба имзо расид:
Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазоратҳои фарҳанги ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027;
Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Кумитаи сайёҳии Узбекистон барои солҳои 2026-2028;
Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028;
Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Узбекистон дар соҳаи саноати кӯҳӣ ва технологияҳои нав барои солҳои 2026-2028;
Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Узбекистон;
Харитаи роҳ доир ба дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ миёни Вазоратҳои кишвоарзии ду кишвар барои солҳои 2026-2028;
Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Узбекистон;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Агентии рушди хизмати давлатии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Узбекистон;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва Агентии рушди инноватсияи назди Вазорати маълумоти олӣ, илм ва инноватсияи Узбекистон;
Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Узбекистон оид ба таъсиси “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон” аз 10 июни соли 2021;
Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Узбекистон оид ба татбиқи мутақобилаи низомҳои электронии сертификаткунонии пайдоиши молҳо;
Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб;
Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Узбекистон оид ба ҳамоҳангсозии тақсимоти басомадҳои радиоӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби хадамоти радиои заминии шаҳрвандии Тоҷикистон ва Узбекистон истифода мешаванд;
Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳо нақлиёти ду кишвар оид ба истифодаи низоми иттилоотии е - пермит (e-Permit);
Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Агентии таҳсилоти касбии назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ;
Созишнома байни Академияи ВКД Тоҷикистон ва Академияи ВКД Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи Сафари давлатии Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон 24 март дар шаҳри Ҷиззах Форуми дуюми байниминтақавии “Тоҷикистон - Узбекистон” баргузор гардид, ки аз руи натиҷаи он як қатор созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид.
Шавкат Мирзиёев ба як ҳунарманд аз Тоҷикистон орден дод
Созишномаҳои сармоягузорӣ, шартномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкории имзошуда соҳаҳои коркарди саноатӣ, истеҳсоли нассоҷӣ, бахши агросаноатӣ, таъминоти масолеҳи сохтмонӣ, рушди бахши хизматрасонӣ ва татбиқи рақамикунониро фаро мегиранд.