ММД-и Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба 3 триллион доллар расид

Иқтисоди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тамоюли рушд дорад ва дар соли гузашта ММД кишварҳои узв ба 3 триллион доллар расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар - Sputnik. Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвурОсиё (ИИАО) дар соли 2025 ба 3 триллион доллар расид.
Барои муқоиса, дар соли 2024 ин нишондиҳанда дар ҳаҷми 2,6 триллион доллар буд.
Пешсафони афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ инҳоянд:
Қирғизистон – 11,1%;
Қазоқистон – 6,5%;
Арманистон – 6%.
Иқтисоди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 1,7% афзоиш ёфт, ки қисман аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои бузурги муштарак дар соҳаҳои гуногун ба даст омадааст.
Бори аввал дар тӯли 10 сол аст, ки сатҳи бекорӣ байни моҳҳои январ ва сентябри соли 2025 ба ҳадди ақали 2,6% расид.
Бояд гуфт, ки чанде пеш раиси Шӯрои Комиссияи иқтисодии Аврупо эълон кард, ки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишварҳои ИИАО дар тӯличор сол 11% афзоиш ёфтааст.
Вазири иқтисод пайвастшавии Тоҷикистон ба ИИАО-ро шарҳ дод
Вай қайд кард, ки дар ин давра дар ҳудуди ИИАО бахши саноат 15% ва кишоварзӣ 10% рушд кардааст.
“Дар соли 2025 нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии ИИАО суръати мусбатро нигоҳ хоҳанд дошт. Ҳамин тариқ, афзоиши ММД дар кишварҳои узви ИИАО дар соли гузашта пешакӣ 1,7% арзёбӣ мешавад”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.