ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Музокироти сатҳи олӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон бо мулоқоти хоссаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз ёфт.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, президенти Узбекистон роҳбари Тоҷикистонро бори дигар ба шаҳри Тошканд хайра мақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки боздиди кунунии Эмомалӣ Раҳмон ба таҳким ва густариши шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ду кишвари ҳамсоя такони нав мебахшад.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз Шавкат Мирзиёев барои даъват ба Тошканд ва пазироии гарму самимӣ арзи сипос кард.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Вай ба раванди таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баҳои баланд доданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари раҳбари Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дӯ рӯза хоҳад буд ва аз 26 то 27-уми март идома хоҳад ёфт.
Ҷониби Узбекистон қаблан хабар дода буд, ки раҳбари Тоҷикистон ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аввалин ҷаласаи Шӯрои Олии байнидавлатиро баргузор мекунанд.
Дар доираи ин сафар музокироти сатҳи олӣ низ баргузор мешавад. Мавзӯъҳои асосии рӯзнома таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни Узбекистон ва Тоҷикистонро дар бар мегиранд.
Роҳбарони давлатҳо дар бораи ҷанбаҳои кунунии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи форматҳои бисёрҷониба мубодилаи афкор хоҳанд кард.
Хадамоти матбуот инчунин афзуд, ки оғози як қатор лоиҳаҳои нави муштарак ва имзои бастаи назарраси ҳуҷҷатҳои дуҷониба, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба равона шудаанд, низ ба нақша гирифта шудааст.
Пас аз музокирот, имзои бастаи бузурги ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ интизор меравад.