ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканд - пойтахти Узбекистон шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд президенти Тоҷикистонро бо нишони эҳтироми баланд роҳбари Узбекистон Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифт.
“Ба ифтихори сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳ фазои идона дошт. Парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, шиору овезаҳои тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбекистон овезон буд”, - қайд кардааст манбаъ.
Аз фурудгоҳ кишвардори Тоҷикистон назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ” равон шуд ва дар он ҷо бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми узбек дар назди Муҷассама гулчанбар гузошт.
Эмомали Рахмон возложил венок к Монументу "Независимость и гуманизм" в Узбекистане
© telegram SputnikTj
Дар маросими гулчанбаргузорӣ президенти Тоҷикистонро Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ҳамроҳӣ намуд.
Сафари давлатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 26-27 март дар шаҳрҳои Тошкант ва Бухоро ҷараён гирифта, дар доираи он мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар нахустин нишасти Шурои олии байнидавлатӣ, имзои шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ ва баргузории форуми тиҷоратӣ ва як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Шоми дӯстӣ ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон дар назар аст.