Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Захарова: Зеленский бо ҳар роҳ кӯшиш мекунад, ки ба ИА ворид шавад

Захарова бовар дорад, ки "чизи аз ҳама ҳайратангез" ин аст, ки Зеленский дар ҳоле ки аз ИА миллиардҳо доллар мегирад, мустақиман ба яке аз раҳбарони он таҳдид мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Владимир Зеленский, ки бо ҳар роҳе, кӯшиш мекунад, ки ба Иттиҳоди Аврупо дохил шавад, ба мусофире монанд аст, ки аз паси автобусе медавад, ки дасташро қапидааст.
Ин андешаро сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар радиои Sputnik изҳор дошт.
"Ӯ бо ҳар роҳе бошад, бо ҳар роҳе, ки лозим аст, ба Иттиҳоди Аврупо фишор меорад, то чизеро ба даст орад. Ҳатто агар автобус дасти туро дар дар қапидаасту кашола дорад, ту медавию фарёд мезанӣ ки дар автобус ҳастӣ".
Дипломат инро "хеле ҳайратангез" номид, ки Зеленский дар ҳоле ки аз Иттиҳоди Аврупо миллиардҳо мегирад, мустақиман ба яке аз раҳбарони он таҳдид мекунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Орбан қарздиҳии Иттиҳоди Аврупо ба Украинаро хатогии ахлоқӣ номид
Зеленский қаблан сарвазири Маҷористон Виктор Орбанро "бо мулоқот бо низомиёни украинӣ" таҳдид карда буд, зеро Маҷористон қарзи дигари ИА-ро барои Украина боздошт.