Идораи Россотрудничество дар Душанбе аввалин Рӯзи дарҳои кушоди худро барои калонсолон ва кӯдакон баргузор кард.
Ин чорабинӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз баргузор шуд ва тақрибан 400 нафарро гирди ҳам овард.
Ҳар як меҳмон имкон дошт, ки дар дарсҳои маҳорат иштирок кунад, дар бораи барномаҳои Хонаи русӣ маълумот гирад ва аз шириниҳои идона лаззат барад.
Рӯзи дарҳои боз махсусан ба муносибати ҷашни Наврӯз, як ҷашни анъанавии тоҷикӣ, баргузор шуд, қайд кард Андрей Патрушев, роҳбари Россотрудничество дар Душанбе.
Ӯ гуфт, ки имкониятҳое, ки Хонаи русӣ барои сокинони Тоҷикистон ва Душанбе пешниҳод мекунад, аз ҷумла клубҳо, студияҳо ва курсҳои иловагӣ барои довталабони донишгоҳҳо, инчунин курсҳои забони русӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.
Ғайр аз ин, дар оғози чорабинӣ бо волидони довталабоне, ки тибқи квота ба донишгоҳҳои Русия, дохил шудаанд, мулоқот баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот тартиби қабул, убури марз ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ баррасӣ шуданд. Китобхонаи Хонаи русӣ низ дубора кушода шуд ва коллексияи он айни замон 1000 нусха адабиёти бадеиро дар бар мегирад.