ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пежикиёнро бо ирсоли паёме ба ҷашни Наврӯз табрик кард.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар додааст.
Ба гузориши манбаъ раҳбари Тоҷикистон дар паёми фиристодааш, раисҷумҳур Масъуд Пизишкиён ва мардуми Эронро бо ҷашни қуҳани Наврӯз табрик гуфтааст.
"Бидуни шак, арзишҳои волои ва ояндаи ғании Наврӯз, ҳазорон сол аст, ки мардумони моро ба сулҳу ҳамоҳангӣ, дарки мутақобил, эътимод ва эҳтироми фаро мехонд", - таъкид кардааст Раҳмон дар паёмаш.
Вай изҳори боварӣ кардааст, ки равобити дӯстона ва ҳамкориҳои муфид байни Тоҷикистон ва Эрон дар сояи суннатҳои нек ин Ид бостонӣ, ҳамчунон тавсеа ва тақвият хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Тоҷикистон дар пасманзари ҳамалоти Исроил ба ИМА ба Эрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонию молӣ шуд, ба ин кишвар кумаки башардӯстона фиристод.
Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,6 ҳаз. тонна бор, аз ҷумла:
45 тонна доруворӣ,
маводи зиёди санитарию беҳдоштӣ,
сару либоси кӯдакона,анвои гуногуни хӯрокворӣ,
ашёи рӯзгор,
рахти хоб,
хаймаҳо,
масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст.
Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошини пурбор рӯзи 18 март ба ҷониби Эрон раҳсипор шуда буд.