ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Вазири энергетикаи Русия Сергей Цивилев бо узви ҳайати (вазири) энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) Арзибек Кожошев, мулоқоти корӣ баргузор кард, ки дар он ҷонибҳо масъалаи таъсиси бозорҳои муштараки нафт, маҳсулоти нафтӣ ва газро дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетикаи Русия хабар додааст.
“Ҷонибҳо қадамҳои минбаъдаи заруриро барои таъсиси бозорҳои муштараки энергетикӣ дар доираи ИИАО-ро баррасӣ карданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки дар рафти муколама вазъи кунунии ташаккули бозорҳои муштараки нафт, маҳсулоти нафтӣ ва газ баррасӣ шуд."
Дар рафти дидор қайд карда шуд, ки ташаккули бозорҳои муштарак дар ҳудуди ИИАО таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.
Ғайр аз ин, ба бахши газ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.
Сергей Цивилев хабар дод, ки Русия дар бораи лоиҳаи Нақшаи рушди бозори муштараки газ ба ИИАО пешниҳод шудааст ва қатъиян бо қарорҳои қаблан қабулшуда мувофиқат мекунад.
Дар бахши нерӯи барқ низ пешрафтҳои назаррас ба қайд гирифта шуданд, ки дар он ҷо чаҳорчӯбаи зарурии танзимкунанда аллакай таъсис дода шудааст ва ташкилотҳои инфрасохторӣ муайян карда шудаанд.
Вазорати энергетика дар изҳорот афзуд, ки ҷонибҳо ба зарурати суръат бахшидан ба тасдиқи Созишномаи ҳамроҳшавӣ ва роҳандозии идоракунии ҳуҷҷатҳои электрониро таъкид карданд.