ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Хуруҷи Русия аз низоми Болон ва гузариш ба низоми нави миллии таҳсилоти олӣ таваҷҷуҳи довталабон аз Тоҷикистонро, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, кам накардааст.
Дар ин бора Андрей Патрушев, роҳбари дафтари Россотрудничество дар ҷумҳурӣ, дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС қайд кардааст.
Вай афзуд, ки тағйироти дар боло зикршуда дар маорифи Русия ба раванди ҷамъоварии дархостҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия тибқи квотаи ҳукумати Русия таҳсил кунанд, таъсир нарасонидааст.
Ба гуфтаи вай, дар бахши квотаҳо ҳеҷ тағйироте ба вуҷуд наомадааст ва интизор ҳам нест.
“Дар сурати рух додани тағйирот, Россотрудничество фавран сокинони Тоҷикистонро, ки нақшаи таҳсилро дар Русия доранд, огоҳ хоҳад кард”, - гуфт роҳбари дафтари Россотрудничество.
Оқои Патрушев илова кард, ки дархостҳо барои квота аз ҷониби сокинони шаҳрҳои калон ва дигар минтақаҳои аҳолинишин пешниҳод карда мешаванд. Дархостҳо инчунин аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия, ки мехоҳанд таҳсили худро дар ин кишвар идома диҳанд, пешниҳод карда мешаванд.
Ба гуфтаи вай, соҳаҳои маъмултарин дар байни ҷавонони Тоҷикистон тиб, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисод, ҳуқуқ ва муҳандисӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон 1000 квота барои таҳсил ҷудо кардааст.