ДУШАНБЕ, 22мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотиаш ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе таъкид кард, ки тоҷикистониён вазифадоранд суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос доранд.
Вай гуфт, тоҷикон бояд арзишҳояшонро омӯзанд, густариш диҳанд ва онҳоро ба наслҳои оянда бо тамоми зебоиву шукӯҳашон ба мерос гузоранд.
Вай илова кард, ки тоҷикистониён бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад.
“Дар ин росто, фаромӯш набояд кард, ки дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси баланди миллӣ, иродаи мустаҳкам, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва давлат вазифаи муқаддаси ҳар яки мо – калонсолон ба ҳисоб меравад.”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Вай илова кард, ки ҷавонони тоҷик бояд таърих, фарҳанг ва дигар арзишҳои ҷовидонии миллати худро омӯзанд ва онҳоро густариш диҳанд.
“Ҳамеша дар фикри азхудкунии илму дониш ва касбу ҳунар, соҳибӣ кардану обод намудани Ватан, пешрафти давлат ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ бошед”, - қад кард раҳбари Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар даврони истиқлолият тоҷикон худро ҳамчун миллати соҳибтамаддуну фарҳангӣ, соҳибкитобу соҳибдевон ва давлатдору ободгар дигарбора эҳё кардем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
“Мо бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сабру таҳаммул, заҳмати софдилона ва иродаи қавӣ нақшаҳои созандаи худро ҳатман амалӣ месозем, ба ҳадафҳои стратегии миллиамон ноил мегардем ва Тоҷикистонро ба кишвари боз ҳам ободу пешрафта ва пойтахти он шаҳри Душанберо ба ойинаи ҳақиқии давлати тоҷикон табдил медиҳем”, гуфт Раҳмон.