Малика омад: Дар Душанбе Наврӯзро бо шукӯҳ пешвоз гирифтанд - Видео

Инак деринтизортарин ҷашни бостонии тоҷикон - Наврӯз фаро расид. Дар тамоми гӯшаю канори дунё ин Идро бо шодию рақсу суруд пешвоз мегиранд
Sputnik
Чун анъана субҳи барвақт дар Душанбе гулхани наврӯзӣ афрӯхта шуд.
Субҳи барвақт мардуми Душанбе дар Боғи Ғалаба гулхани бузург афрӯхта гирди он бо рақсу бозӣ шодӣ карданд.
Маликаи Наврӯз ва бобои деҳқон аспсавор аз чор ноҳияи пойтахт гузашт карданд ва мардумро аз омади Наврӯз хабар карданд.
Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо иди Наврӯз муборакбод гуфт
Навори ин маросими зеборо дар видеои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.