Дар Тоҷикистон Иди саиди Фитрро ҷашн гирифтанд - Видео

Тоҷикон яке аз ҷашнҳои муҳими мусалмонӣ Иди саиди Фитрро, ки поёни моҳи Рамазон аст, таҷлил карданд
Sputnik
Ба муносибати ин ҷашни бузург сокинони шаҳри Душанбе ба намози Ид рафтанд.
Дар намоиз Ид, дар масҷиди марказии пойтахт, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон низ ширкат кард.
Намоизи Ид соати 06:30 ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд.
Намоиз Ид дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон гузошта шуд.
Пештар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо паёми шодбошӣ ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда гуфт, ки Иди саиди Фитр маънои дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандонро дорад.
Иди саиди Фитр ё Иди Рамазон замони дуою ниёиш ва саховатмандию растагорист.