Ид тӯй нест: Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро ба сариштакорӣ даъват кард

Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони тоҷикистониён ва ҳамватанони бурунмарзӣ, рӯзгори босаодат ва сулҳу осоиш таманно кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии иди сайиди Фитр муборакбод гуфта, ба сариштакорӣ даъват кард.
Дар паёми шодбошии худ, президант қайд кард, ки имсол иди Фитр ба арафаи ҷашнҳои бузурги миллӣ – Наврӯзи бостонӣ ва таҷлили 35-умин солгарди истиқлоли давлатиамон рост омад.
Ӯ хотирнишон кард, ки ин ид аз суннатҳои неке, ба монанди хайру саховат кардан ба ниёзмандон иборат аст ва аз Қуръони карим мисол овард.
"Ҳар ки некие оварад, ӯро даҳчанд подош аст ва ҳар ки бадие оварад, ба ҷуз мисли он ҷазо дода нахоҳад шуд".
Агар садақаи Фитр мувофиқи таъйиноти воқеии худ, яъне ба ятимону маъюбон, беморон, оилаҳои камбизоату бесаробон ва дигар шахсони ниёзманд бо эҳсоси сидқу меҳрубонӣ анҷом дода шавад, савоби бештар дорад ва ин амал, бешубҳа, ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати милливу эътиқодӣ ва суботу оромӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад, гуфтааст кишвардор.
Президент ёдовар шуд, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" низ масъалаи роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон таъкид шудааст.

"Ҳамватанони мо бояд дар хотир дошта бошанд, ки ид тӯй нест, балки як маросими эътиқодӣ мебошад ва сарфу хароҷоти зоҳирпарастона дар ин айём, ки хилофи суннатҳои сарфаю сариштакории мардуми бостонии мо мебошад, умуман зарурат надорад", - таъкид кардааст кишвардор.

Яъне ба ҷойи оростани дастархони серхарҷи идона ва намоишкориву исрофкорӣ, ки зарари маҳз аст, бояд дар фикри он бошанд, ки фарзандони худро дар муҳити солиму созгори оилавӣ тарбия намоянд, барои онҳо ва аҳли оилаи худ шароити беҳтари зиндагиро муҳайё созанд ва дигар амалҳои хайру савобро анҷом диҳанд.
Дар Тоҷикистон Иди Рамазон 20 март баргузор мешавад.
Зиёрати падару модар, калонсолону хешовандон, аёдати беморону азодорон, дуо ба руҳи гузаштагон ва анҷом додани дигар амалҳои хайру рафтори шоиста аз сифатҳои маънавию фарҳангии ин рӯз ба шумор мераванд.