45 тонна дору бо 110 боркаш: кумаки башардӯстона аз Душанбе ба Эрон раҳсипор шуд - Видео

Тоҷикистон дар пасманзари ҳамалоти Исроил ба ИМА ба Эрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонию молӣ шуд, ба ин кишвар кумаки башардӯстона фиристод
Sputnik
Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,6 ҳаз. тонна бор, аз ҷумла:
45 тонна доруворӣ,
маводи зиёди санитарию беҳдоштӣ,
сару либоси кӯдакона,анвои гуногуни хӯрокворӣ,
ашёи рӯзгор,
рахти хоб,
хаймаҳо,
масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст.
Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошини пурбор рӯзи 18 март ба ҷониби Эрон раҳсипор шуд, гузориз медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумаки башардӯстона фиристод
Тафсилоти фиристодани кумаки башардӯстонаро дар видеои мо бубинед.
Ёдовар мешавем, ки дар паи ҳамлаҳои Исроил ва ИМА ба Эрон ҳазорон нафар ҷони худро аз даст дода, садҳо кас бехонумон ва захмию маҷруҳ шуданд.
Дар паи ин ҳамлаҳо раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ ҷон бохта, ба ҷояш писараш Муҷтабо Хоманаӣ раҳбар эълон шуд.
Муҷтабо дар изҳороти аввалинаш аз Исроил ва ИМА талаби ҷуброн кард ва гуфт агар шартҳои ӯ иҷро нашавад, пас ҷубронро ба зӯрӣ хоҳад ситонд.