ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Чоряки сеюми таълимӣ барои мактаббачагони тоҷик ба охир мерасад.
Таътили баҳора дар саросари кишвар аз 20 то 29 март давом мекунад.
Дар ин давра, хонандагони ҳамаи синфҳо метавонанд истироҳат кунанд ва ба сайругашт, варзиш ва муошират вақт ҷудо кунанд.
Дар ҳамин ҳол донишҷӯён бошанд аз 20 то 26 истироҳат хоҳанд кард.
Барои маълумоти бештар, ба инфографикаи Sputnik Tajikistan нигаред.
© telegram Sputnik_Tajikistan
/ Қобили зикр аст, ки Наврӯз анъанавӣ якчанд рӯз истироҳатро дар бар мегирад.
Имсол, бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва ғайрикорӣ, таътил дар маҷмӯъ 10 рӯз - аз 20 то 29 март давом мекунад. Илова бар ин, ҷумҳурӣ рӯзи Иди Фитр (Иди Рамазон)-ро интизор аст - он 21 баргузор мешавад.