Бахтиёр Худоёрзода: Раъйпурсӣ дар Қазоқистонро арзёбӣ кард

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсии Қазоқистон ҳузур дорад, қайд кард, ки омодагӣ ба раъйпурсӣ васеъ ва ҳамаҷониба буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik.Нозирони тоҷик раъйпурсӣ дар Қазоқистонро шаффоф ва демократӣ хонданд
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, ки роҳбари нозирони Тоҷикистон дар раъйпурсии Қазоистон аст, гуфт, ки барои баргузории маъракаи раъйпурси мақомоти Қазоқистон корҳои зиёдеро дар самти омодагӣ ба раъйпурсӣ анҷом додааст.
“Комиссияҳои участкавӣ ва комиссияҳои ҳудудии раъйпурсӣ дар ҳама марҳилаҳои раъйпурсӣ омӯзиши хуб гирифтаанд, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон ба ин раъйпурсӣ пурра омода шуджааст. Мо мебинем, ки шаҳрвандони Қазоқистон, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ ва иштирок дар раъйпурсиро доранд, озоданд ва ба ихтиёри худ дар ҳавзаҳои раъйдиҳӣ иштирок мекунанд ва озодона овоз медиҳанд”, - гуфт ӯ.
Вай гуфт, ки дар ин раъйпурсӣ принсипҳои асосӣ риоя шудаанд ва ин натиҷаи хуби омодагӣ ба раъйпурсӣ аст.
Вай инчунин ба мардуми Қазоқистон сулҳу ваҳдат ва шукуфоии минбаъдаро орзу кард.
Ҳамчунин вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадули Ватанзода аз кори Комиссияи марказии раъйпурсии Қазоқистонро, ки тамоми шароитро барои раъйдиҳии озод, демократӣ ва шаффоф фароҳам овардааст, таъкид кард.
Вакили дигари парлумон Илҳом Камолзода инчунин дар бораи иштироки фаъоли қазоқистониҳо дар раванди раъйпурсӣ қайд кард.
"Раъйдиҳӣ мутобиқи принсипҳои демократӣ сурат мегирад. Ҳавзаҳои раъйдиҳӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ тарҳрезӣ шудаанд", - гуфт вакили парлумон.
Намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Абдухалил Ғафурзода низ дар назорати раъйпурсӣ иштирок кардаастӣ.
Дар Қазоқистон раъйпурсӣ баро бунёди нерӯгоҳи атомӣ идома дорад: онро кӣ месозад?
Дар ҳамин ҳол, Игор Петришенко, роҳбари ҳайати нозирони ИДМ ва муовини аввали дабири куллии Иттиҳод, изҳор дошт, ки ҳеҷ гуна қонуншиканиҳое, ки метавонистанд ба натиҷаҳои раъйпурсӣ оид ба лоиҳаи Конститутсияи нав дар Қазоқистон таъсир расонанд, ошкор нашудаанд.

"Камбудиҳои алоҳидае, ки нозирон сабт кардаанд, хусусияти техникӣ доштанд ва аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавӣ фавран ислоҳ карда шуданд. Ҳайати нозирон ягон қонуншиканиеро, ки метавонистанд ба натиҷаҳои раъйпурсӣ таъсир расонанд, ошкор накард", - гуфт Петришенко.

Раъйпурсӣ умумимиллӣ оид ба қабули лоиҳаи Конститутсияи нав 15 март дар Қазоқистон баргузор шуд.
Тибқи натиҷаҳои пурсишҳои берун аз интихоботӣ, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни тадқиқотӣ гузаронида шудаанд, аз 86,7% то 88,6% шаҳрвандоне, ки дар раъйдиҳӣ иштирок кардаанд, аз Конститутсияи нави кишвар пуштибонӣ кардаанд.
Натиҷаҳои расмии раъйпурсӣ дар давоми ҳафт рӯзи пас аз раъйдиҳӣ, яъне то 21 март, дар ВАО нашр хоҳанд шуд.