Иштироки ҳафт ҷудокорӣ тоҷик дар "Tbilisi Grand Slam"-2026

Ҳафт паҳлавони ҷавони тоҷик дар ба Гурҷистон сафар мекунанд то дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam" иштирок намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо "Tbilisi Grand Slam"-2026, иштирок мекунанд
Ба иттилои Федератсияи Ҷудои Тоҷикистон мусобиқаи мазкур аз 20 то 22 марти соли 2026 дар пойтахти Гурҷистон баргузор мегардад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар пайвастаанд, ки дар сабқати мардон рақобат мекунанд.
Рамзиддин Азизов дар вазни то 60 кг,
Ёсин Бобокалонов то 66 кг
Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг,
Сайфиддин Сайфиддинзода то 81 кг
Абубакр Шеров дар вазни то 81 кг,
Ардашери Ҳамза то 90 кг
Озаррахш Ҳомидов дар вазни то 90 кг.
Ба иттилои манбаъ, ба ин мусобиқа то ҳол 413 варзишгар (242 мард ва 171 зан) аз 55 давлати панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд.
Мадина Қурбонзода барандаи медали нуқраи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 шуд
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишонҳои биринҷӣ бо 1500-евроӣ мукофотонида мешаванд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ғайр аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мешаванд.