ДУШАНБЕ, 15 мар – Sputnik. Мақомоти бахши энергетикаи Тоҷикистон бояд чораҳои иловагӣ барои афзоиши ҷамъоварии пардохтҳо барои истеъмоли нерӯи барқ андешанд.
Муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки назорати қатъии фаъолияти шабакаҳои барқӣ низ зарур аст.
Дар ҷаласае дар вилояти Хатлон масъалаҳои пешгирии талафоти нерӯи барқ, пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ ва фаъолияти шабакаҳои барқӣ дар ду моҳи аввали сол баррасӣ шуданд.
Талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои Левакант, Вахш, Ҷомӣ, Кушониён, Хуросон ва Балхӣ баландтарин дониста шуд.
Пас аз шунидани гузоришҳо, муовини сарвазир аз мақомдорон даъват кард, ки мудирони бемасъулияти бахши энергетикиро аз кор ронанд.
"Нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқӣ, муовинони онҳо, инчунин нозирон ва роҳбароне, ки дар иҷрои вазифаҳои худ камбудиҳо нишон медиҳанд ё аз иҷрои онҳо қодир нестанд, чораҳои қатъӣ андешида мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ онҳо аз вазифаҳояшон барканор карда мешаванд",- гуфта шуд дар ҷаласа.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки чораҳои иловагӣ барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии он андешанд.