КИАО: Дар соли 2025 музди меҳнат қариб дар ҳамаи кишварҳои ИИАО афзоиш ёфт

Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод, ки дар соли 2025 музди миёнаи воқеӣ қариб дар ҳамаи кишварҳои ИИАО афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Афзоиши бештари музди меҳнат дар Қирғизистон 9,9% ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамзамон дар ин давра дар музди меҳнат дар Беларус - 9%, Русия - 4,4%, Арманистон - 2% афзоиш ёфтааст.
Инчунин, музди миёнаи номиналӣ бо асъори миллӣ аз 2 693 рубли белорусӣ то 303 140 драми арманӣ ташкил дод.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таъкид кард, ки маълумот барои Қазоқистон пешниҳод нашудааст.
Табодули колои Қазоқистон бо ИИАО беш аз 27 млрд долларро ташкил дод
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон соли гузашта маоши миёна дар кишвар қариби 20% афзоиш ёфтааст.
Гуфта шуд, ки маоши миёна дар Тоҷикистон ба ҳолати декабри соли 2025 беш аз 2,7 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ин дар ҳолест, ки аз 1 сентябри соли 2026 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кард.
Бар асоси ин санад маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25% зиёд мешавад.
Ҳамчунин, маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти андоз 20% боло меравад.