Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистонро қатораи нави сайёҳӣ мепайвандад

Қатораи нави сайёҳӣ бо номи "Jibek Joly" (Роҳи Абрешим) аз се кишвари Осиёи Марказӣ мегузарад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Қатораи сайёҳии "Jibek Joly" (Роҳи Абрешим) аз 20 то 25 марти соли равон дар Роҳи Бузурги Абрешим ҳаракат хоҳад кард.
Тибқи иттилои Кумитаи сайёҳии Қазоқистон, ин қатора Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад.
Қатораи мазкур дар масири Алмаато - Туркистон - Самарқанд - Душанбе - Тошканд – Алмаато ҳаракат мекунад.
Кумита қайд кард, ки лоиҳа ба рушди ҳамкориҳои сайёҳии байнидавлатӣ, тақвияти робитаҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таблиғи масирҳои муштараки сайёҳии фаромарзӣ нигаронида шудааст.
Барномаи масир экскурсияҳо, боздид аз мавзеъҳои мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар бар мегирад, ки анъанаҳои кишварҳои узвро муаррифӣ мекунанд.
ФБИОМ-2025 дар Душанбе
Таасуроти муовини роҳбари экспедитсияи "Сафар ба қалби АвруОсиё" аз шаҳри Исфара
Лоиҳа аз ҷониби Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Қазоқистон, ширкати "Қазоқистон темир жолу" ва саноати сайёҳии Қазоқистон ташкил карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Экспедитсияи сайёҳии "Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025", ки аз аз панҷ кишвар гузашт, сурат гирфит.
Экспедитсия аз Русия оғоз ёфта, тариқи роҳи мошингард аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон гузашта дар Тоҷикистон хотима ёфт.
Ин як лоиҳаи ба эҷоди фазои умумии эътимод ва ҳамкорӣ тавассути муколамаи байнифарҳангӣ, муттаҳид кардани мардуми фаъол, созанда ва ташаббускор дар Осиёи Марказӣ ва Русия нигаронида шуда буд.