ДУШАНБЕ, 13 мар - Sputnik. Толибон* дар бораи рушди чашмгири тиҷорати Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар доданд.
Ба иттилои омори ахири Вазорати саноат ва тиҷорати Толибон* ҳаҷми тиҷорати Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ба иттилои мақомоти феълии Афғонистон воридот 43% ва содирот 77% афзоиш ёфтааст.
Афғонистон аз кишварҳои Осиёи Маркази дар соли 2025 ба маблағи 2,399 млрд доллар (соли 2024 1,6 млрд доллар) маҳсулот харидааст, вале дар баробари ин дар соли 2025 ба маблағи 216 миллион доллар (соли 2024 122 млн. доллар) маҳсулот содирот кардааст.
Мақомоти Афғонистон таъкид кардааст, ки тиҷорат бо кишварҳое ба монанди Узбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон сурат гирифтааст.
Сухангӯи Вазорати саноат ва тиҷорати толибон* Охунзода Абдуссалом Ҷавод, афзуд, ки ҳарчанд Афғонистон ҳамеша кишвари воридкунанда буд, аммо соли гузашта дар бахши содирот 77% рушд сабт шуд.
“Агар ин тамоюл идома ёбад, Афғонистон метавонад дар ояндаи наздик тавозуни тиҷоратӣ дошта бошад", - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки пас аз қатъ шудани робитаҳои тиҷоратӣ бо Покистон, сатҳи ҳамкории иқтисодии Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш ёфтааст.
Раиси утоқи зироат ва молдории Толибон* Муҳаммад Фурутан гуфт, ки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз қабили Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, инчунин Русия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Ҳиндустон ва ғайра мехоҳанд бо Афғонистон муносибатҳои хуби тиҷоратӣ дошта бошанд.
Ёдовар мешавем. ки чанде пеш дафтари расонаҳои Толибон* дар вилояти Ҳирот хабар дод, ки барои нахустин бор маҳмулаи дастгоҳҳои саноатии мавриди истифода дар корхонаҳои гач ва семент аз ин вилоят ба Тоҷикистон содир шудааст.
Ин манбаъ хабар дод, ки арзиши ин маҳмула 23 миллион афғонӣ буда ва маблағи умумии шартномаи содиротӣ 80,4 миллион афғонӣ аст.
Қаблан, муовини вазири саноат ва тиҷорати Толибон* дар маросими ифтитоҳи ин содирот иддао карда буд, ки арзиши содироти маҳсулоти ватании Афғонистон ба ду миллиард доллар расидааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.