ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Равбити Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нав мебароянд, гуфт муовини вазири кишоварзии Қазоқистон Эрмек Кенжеханули.
Ахиран парлумони Қазоқистон шартнома дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ байни кишварҳоро, ки моҳи августи соли 2024 имзо шуда буд, тасвиб кард.
Ба гуфтаи муовини вазири кишоварзии Қазоқистон ҳар ду ҷумҳурӣ барои рушди тиҷорат ва лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат ба мувофиқа расиданд.
Эрмек Кенжеханули гуфт, ки ҳадафи асосии ҳамкорӣ афзоиши дубаробарии гардиши мол ва расонидани он то 2 миллиард доллар аст.
Вай афзуд, ки пеш аз ҳама ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ густариш хоҳанд ёфт.
Вай гуфт, соли гузашта ҳар ду кишвар маҳсулоти кишоварзиро ба маблағи қариб 600 миллион доллар савдо карданд.
"Мо дар самти ҳамкории сармоягузорӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунем. Дар соли 2024 лоиҳаи сармоягузорӣ бо иштироки сармояи Тоҷикистон барои сохтани корхонаи истихроҷи равған дар вилояти Актобе бо иқтидори 116 000 тонна амалӣ карда шуд. Лоиҳаи дуюм дар вилояти Актобе аст, ки идома дорад: сохтмони маҷмааи ордбарорӣ бо арзиши 20 миллиард танга, ки тақрибан 600 ҳазор тонна маҳсулоти ғалладонаро коркард мекунад", - гуфт муовини вазири кишоварзии Қазоқистон.
Вай илова кард, ки ҳамаи маҳсулот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содирот мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки сли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба андозаи 7,9% кам шуда, дар муқоиса бо 1,29 млрд доллари соли гузашта (соли 2024) 1,19 млрд долларро ташкил дод.