ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Дар Русия квотаҳои таҳсилоти барои шаҳрвандони Тоҷикистон сол аз сол афзоиш хоҳад ёфт.
Айни замон беш аз 24 000 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.
Дар ин бора вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода зимни суханронӣ дар конфронси аввали вазирони Созмони байналмилалии забони русӣ, ки таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баргузор шуд, хабар дод.
"Квотаи таҳсилотӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия сол аз сол афзоиш меёбад - аз 618 ҷой дар соли 2017 то 1000 ҷой дар соли таҳсили 2024-2025. Айни замон беш аз 24 000 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд”, - қайд кард вазир.
Ба гуфтаи вай, филиалҳои донишгоҳҳои бузурги Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Маскав, дар ҷумҳурӣ бомуваффақият фаъолият мекунанд. Ҳамчунин дар Тоҷикистон филиалҳои Донишгоҳи илм ва технологияи МИСИС, Институти энергетикаи Маскав ва ғайра бо мувафақият фаъолият доранд.
Ҷудошавии квотаҳои таҳсилотӣ дар Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон мувофиқи фармоне, ки дар Русия дар соли 2013 содир шуда буд, амалӣ карда мешавад. Барои соли нави таҳсил барои ҷумҳурӣ квотаи 1000 ҷой барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ҷудо карда шудааст.
"Созмони байналмилалии забони русӣ дар таблиғи забони русӣ ҳамчун воситаи муоширати байнидавлатӣ, илм ва фарҳанг нақши калидӣ дорад", - таъкид кард вазир.
Шартномаи таъсиси Созмони Байналмилалии Забони Русӣ 13 октябри соли 2023 дар Бишкек аз ҷониби сарони давлатҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон имзо шуда, аллакай барои ҳамаи ин кишварҳо эътибор пайдо кардааст.
Ин созмон ҳамкории ҳамаҷониба ва мутақобилан судмандро байни кишварҳои Иттиҳод дар нигоҳдорӣ ва таблиғи забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнидавлатӣ ва воситаи муошират, ки бар асоси принсипҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамоҳангии байни миллатҳо, эътимод ва фаҳмиш асос ёфтааст, тақвият хоҳад дод.