Роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез таъмир мешавад

Ин роҳ қисмати долони мултимодалии байналмилалии "Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо" мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Душанбе масъалаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кулма, қисмати Рӯшон-Варшез баррасӣ шуд.
Татбиқи ин лоиҳаро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Бонки Исломии Рушд таҳти роҳбарии мудири амалиёти минтақавӣ Фарид Аҳмад Хон муҳокима кард.
Дар ин бора, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Азим Иброҳим гуфтааст, ки роҳи мазкур қисмати долони мултимодалии байналмилалии "Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо" мебошад.
Ин роҳ ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақа аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.
Дарозии роҳи мошингарди "Рӯшон –Варшез" 235 км-ро ташкил дода, он ба категорияи 3-юми роҳҳо дохил мебошад.
Ин тарҳ марҳила ба марҳила татбиқ гардида, дар марҳилаи яум 40 км ва дар марҳилаи дуюм 33 км роҳ таҷдид ва навсозӣ карда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон барои нахустин бор тарҳи ҷадиди роҳсозии "роҳҳои сабз" амалӣ мешавад.
Масрафи беш аз 20 миллион сомонӣ аз сӯйи соҳибкорони Бохтар барои таъмири роҳ
Ин тарҳ, ки сохтани пайраҳаҳои велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва маъюбонро дар назар дорад, айни замон дар роҳи мошингарди Данғара – Гулистон (50 км) амалӣ шуда истодааст.
Ҳамин тавр, роҳи Данғара - Гулистон аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон хоҳад буд, ки унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва тарҳи махсусро дар бар мегирад.