ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз аввали соли 2026 афзудааст.
Корхонаҳои саноатии кишвар якҷо бо соҳибкорони хусусӣ моҳи январи соли равон ба маблағи беш аз 5,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 17,4% афзудааст, хабар медиҳад Агентии омори Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 9,6%, саноати коркард – 33,8%, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 45,9%, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 27% ба амал омадааст.
Ҳамчунин моҳи январ дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи беш аз 1,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ҳаҷми истеҳсол нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 9,6% зиёд аст.
Қайд карда шудааст, ки афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рўи намудҳои маҳсулотҳои истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои филизӣ –11%, ҳаргуна канданиҳои фоиданок – 27,9% мушоҳида шудааст.
Зимнан дар ин давра истихроҷи ангиштисанг – 34,1%, ангишти бур – 23,6%кам шудааст.
Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард бошад, дар ин давра ба 2,8 млрд сомонӣ расидааст.
Ҳамчунин Агентии омор хабар додааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди кишвар 3931 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 363 адад, коркард 3395 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 101 адад фаъолият намудаанд.
Аз ин шумора 1308 адад (33,3% аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 915 адад (23,3%) – ба вилояти Хатлон, 833 адад (21,2%) – ба шаҳри Душанбе, 682 адад (17,3%) – ба НТМ ва 193 адад (4,9%) – ба ВМКБ рост меоянд.