ДУШАНБЕ, 8мар - Sputnik. Сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва Туркманистон бозгашти 258 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон ташкил кардаанд, гуфт сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ Сӯҳроб Нуралӣ ба расонаҳо.
"Рӯзи ҷумъа, ба шарофати намояндагиҳои дипломатии мо дар Озарбойҷон ва Туркманистон, 258 нафар аз ҳамватанони мо тавонистанд тавассути марзҳои ин кишварҳо Эронро тарк кунанд ва ба ватан баргарданд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, 142 нафар аз марз бо Озарбойҷон ва 116 нафар тавассути Туркманистон баргаштанд.
"Дар маҷмӯъ, аз 4 март инҷониб 477 шаҳрванди Тоҷикистон аз Эрон ва 451 нафар аз Дубай ва Абу-Дабӣ тавонистанд ба ватан баргарданд", - гуфт Нуралӣ.
Вай афзуд, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Эрон ва дигар кишварҳои минтақа мунтазам рӯйхати онҳоеро, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, тартиб медиҳанд ва барои интиқоли онҳо парвозҳои чартерии ширкати "Сомон Эйр" ташкил карда мешавад.
Онҳое, ки мехоҳанд барои ихроҷ кӯмак гиранд, бояд дар сафоратхонаҳо ва консулгариҳои кишвар дар Эрон, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Дубай, Кувайт, Уммон, Қатар, Озарбойҷон ва Туркманистон сабти ном шаванд.
"Шаҳрвандоне, ки қасди бозгашт ба ватан бо ин парвозҳоро доранд, метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва бақайдгирӣ бо намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Эрон, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Дубай, Кувайт, Уммон, Қатар, Озарбойҷон ва Туркманистон тамос гиранд", - қайд кард Суҳроб Нуралӣ.
Ёдовар мешавем, ки Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо ба таҳдидҳои эҳтимолии мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.
Сипоҳи Посбонони Инқилоби Исломӣ дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон кард ва кишварҳои ҳамсояи арабӣ ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Якчанд кишвари минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.
Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамла ба манзилаш кушта шудааст ва кишвар 40 рӯзи мотам эълон кард.