Бунёди неругоҳи барқи офтобӣ дар Ашт: Сарвазир шахсан аз рафти сохтмон шинос шуд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8мар - Sputnik. Дар ноҳияи Ашт бо арзиши 125 миллион доллар неругоҳи барқи офтобӣ бунёд мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мВт/соат шинос шуд.
“Ин неругоҳ барои таъмини 115 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ дар 750 гектар сохта шуда, арзиши лоиҳавии он 125 миллион долларро ташкил медиҳад”, - қайд намудааст манбаъ.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба сохтмони нерӯгоҳ қариб 600 нафар аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Баъди ба истифода додани неругоҳ 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешавад.
Сохтмони нерӯгоҳи барқии офтобӣ дар ВМКБ 40% иҷро шудааст
Тавре иброз гардид, дар назар аст, ки ояндаи наздик васлу насби панелҳои офтобӣ оғоз гардад.
Қоҳир Расулзода бунёди неругоҳҳои офтобиро қадами устувор дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикии мамлакат номида, барои тавсеаи кор ба масъулон дастуру супоришҳо дод.