Занон - шарикони боэътимоди давлат: Раҳмон бонувонро бо Рӯзи Модар табрик гуфт

Президенти Тоҷикистон ба ҳамаи бонувони тоҷик саломативу хушбахтӣ ва иқболи неку хонаи обод таманно кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 мар - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бонувони Тоҷикистонро бо Рӯзи Модар муборакбод гуфта, онҳоро шарикони боэътимоди давлат хонд.
Кишвардор дар номаи шодбошияш гуфтааст, ки ин рӯзи муборак на танҳо рамзи эҳтиром ба модар ва арҷгузорӣ ба мақому манзалат ва қадру қимати ӯ мебошад, балки нишонаи эътирофи саҳми басо назарраси занон дар пешрафти давлат ва пойдории ҷомеа ба ҳисоб меравад.
"Зан – модар дар ташаккули шахсияти фарзанд, пойдории оила, оромиву суботи ҷомеа ва пешрафти давлат нақши беназир ва бебаҳо дорад", - таъкид кардааст президент.
Ин рисолати бузургест, ки модар онро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун нигоҳдорандаи забон, фарҳанг ва суннату арзишҳои неку созандаи миллати бостонии тоҷик иҷро карда, дар ташаккули худшиносиву худогоҳии миллии наслҳо нақши барҷаста бозидааст, гуфтааст раисиҷумҳур.
Президенти кишвар занонро ҳамчун шарикони боэътимоди давлат ва саҳмгузор дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ тавсиф кардааст.
"Таъкид менамоям, ки эҳтиром ба зан – модар на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки зарурати сиёсӣ ва иҷтимоии давлат мебошад ва Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ эълон намуд", - омадааст дар номаи президент.
Зеро таҷрибаи таърих собит месозад, ки ҷомеае, ки ба зан арҷ мегузорад, суботи иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор дар он таъмин мегардад, таъкид кардааст раисиҷумҳур.
Аз халабон то афсари иттилоотӣ ва ҳамшираи шафқат: Саҳми занони тоҷик дар Ғалаба
Президент аз суханони бузургон ёдовар шуда, гуфтааст, ки донишмандии мард сабаби саводнокии хонадон аст. Вале, донишманд будани зан омили донишмандии миллат мебошад.
Зеро зани донишманду соҳибмаърифат насли босаводро таълиму тарбия медиҳад, гуфтааст президент.