ДУШАНБЕ, 7 мар - Sputnik. Анбори як тоҷири тоҷик дар натиҷаи ҳамлаи мушакии Эрон ба Қатар, ки бузургтарин пойгоҳи низомии ИМА дар Ховари Миёна дар он ҷойгир аст, осеб дидааст.
Чуноне Нуруллоҳ Усмонов, раиси ширкати “Нур”, дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон аз шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар, гуфт, як мушаки эронӣ ё аз системаи дифои ҳавоӣ дар Давҳа убур карда буд, ё пас аз исобат тавассути падофанд сарнагун шуд, ки дар ҳар сурат зарба мустақиман ба анбори ӯ ворид шуд.
“Дар он ҷо мо ангури худро, ки барои тиҷорат ба Давҳа оварда будем, нигоҳдорӣ мекардем. Тақрибан 15 дақиқа пеш аз исобати мушак, банда миқдоре аз ангурро ба як муштарӣ фурӯхта ва дар роҳ ба сӯи меҳмонхона будам, ки коргарони анбор тамос гирифтанд ва ин хабарро расонданд.”, - гуфт Нуруллоҳ Усмонов.
Ин соҳибкори тоҷик афзуд, хушбахтона, ин ҳодиса бидуни талафоти инсонӣ поён ёфт ва ҳеҷ яке аз коргарон осеб надиданд.
“Мол омад, мол рафт. Ҳудуди 60 тон бор доштем, ки то пеш аз ҳодиса тақрибан 20 тони онро фурӯхта будем. Мақомоти Қатар фавран эълон карданд, ки тамоми хисорот ба таври комил ҷуброн хоҳад шуд.”, - гуфт соҳибкор.
Соҳибкори тоҷик мегӯяд, чунин рӯйдодҳо дар тиҷорат гоҳе иттифоқ меафтад ва ҷое барои нигаронӣ нест, аммо ӯ ба мардуми Тоҷикистон паём медиҳад, ки қадри тинҷӣ, амният ва суботи кишвари худро бидонанд.
“Бубинед, мо аз кишвари худ ба Қатар, ки муштариёни бисёр ҳассос ва сарватманд дорад, ангур овардем — ангури ширин ва хуштаъм, ки гӯё тоза аз ток чида шудааст. Ҳама бо дидани он дар ҳайрат меафтанд. Ин нишон медиҳад, ки ангурпарварӣ дар кишвари мо ба далели сиёсати дурусти давлат пешрафт кардааст ва мо тоҷирон метавонем ангуреро, ки дар моҳи октябр аз ток чида шудааст, дар моҳи март ба бозорҳои ҷаҳон содир кунем.”, - гуфт ӯ.
Қатар мизбони ду пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳида аст, ки яке аз онҳо пойгоҳи ҳавоии "Ал-Удайд" мебошад — бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар Ховари Миёна.
Нерӯҳои низомии Эрон дар нахустин рӯзи посух ба ҳамлаи Амрико ва Исроил, пойгоҳҳои амрикоӣ дар Қатарро ҳадафи зарбаҳои мушакӣ қарор дода буданд. Расонаҳо гузоришҳои мутааддиде дар бораи тахриби ин пойгоҳҳо ва манотиқи атрофи онҳо пахш карданд.