Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон: Юсуф Раҳмон аз чӣ нигаронӣ кард?

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таҳти раёсати котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Дар ҷаласаи Шурои амният масъалаҳои муҳими вобаста ба таъмини амну субот, таҳкими волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар ин ҷаласа ҳамчунин масоили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули "Хона ба хона", пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, мубориза бар зидди хурофотпарастӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт ва пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда директори Маркази исломшиносӣ, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сардори Раёсати маорифи вилоят низ суханронӣ намуданд.
Раҳмон аз мақомоти қудратӣ хост ҷиноятҳои мансабиро пешгириву амгияти марзро пурзур кунанд
Аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда дар ҷаласаи Шурои амният қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.