Дар "Хонаи Русӣ" дар Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон ва Рӯзи Модар намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ баргузор шуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки чорабинии идона, ки ба 8 март бахшида шуда буд, меҳмонони зиёдеро ҷалб кард.
Дар намоишгоҳ ҷавоҳирот, сафол, бозичаҳои бофташуда, собуни дастӣ, растаниҳои хонагӣ ва бисёр чизҳои дигар ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳар кас метавонист молҳои дастӣ ва гулҳои беназирро барои худ ё ҳамчун тӯҳфа барои иди дарпешистода харидорӣ кунад, инчунин маслиҳатҳо оид ба нигоҳубини растаниҳо гирад.
Тафсилоти бештарро дар видеои мо пайдо кунед.