Табодули колои Қазоқистон бо ИИАО беш аз 27 млрд долларро ташкил дод

Дар доираи Иттиҳодияи беш аз нисфи содирот ба нафт ва маҳсулоти нафтӣ рост меояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар 11 моҳи аввали соли гузашта гардиши тиҷоратии Қазоқистон дар дохили Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 27,2 миллиард долларро ташкил дод.
Дар дохили иттиҳод беш аз нисфи содирот ба нафт ва маҳсулоти нафтӣрост меояд.
Дар айни замон, сохтори воридоти Қазоқистон аз мошинҳо, доруворӣ, қисмҳои эҳтиётии автомобил ва дигар маҳсулот бартарӣ дорад.
"Русия шарики асосии кишвари Қазоқистон боқӣ мемонад, ки 88,8%-и гардиши умумии тиҷорати хориҷиро дар дохили Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ташкил медиҳад, баъд аз он Қирғизистон бо 7,2%, Беларус бо 3,8% ва Арманистон бо 0,2% қарор гирифтаанд", - илова кард сенатори қазоқ Алибек Наутиев.
Афзоиши назарраси истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ИИАО дар соли 2025
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.