ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Дар ин бора Сӯҳроб Нуралӣ, сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Комиссияи доимии ҳукумати Тоҷикистон хуруҷи 219 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон, ки аллакай аз марзи ин кишварро таввасути Озарбойҷон ва Туркманистон убур карданд, ташкил кардааст", - гуфт Сҳроб Нуралӣ.
Ба гуфтаи вай, 118 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути Озарбойҷон ва 111 нафар тавассути Туркманистон хоки Эронро тарк карданд.
"Ҳамаи онҳо айни замон дар роҳи бозгашт ба ватан ҳастанд", - гуфт сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Вай афзуд, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Эрон ва дигар кишварҳои минтақа мунтазам рӯйхати онҳоеро, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, тартиб медиҳанд ва барои интиқоли онҳо парвозҳои чартерии ширкати "Сомон Эйр" ташкил карда мешавад.
"Шаҳрвандоне, ки қасди бозгашт ба ватан бо ин парвозҳоро доранд, метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва бақайдгирӣ бо намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Эрон, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Дубай, Кувайт, Уммон, Қатар, Озарбойҷон ва Туркманистон тамос гиранд", - қайд кард Суҳроб Нуралӣ.
Ёдовар мешавем, ки Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо ба таҳдидҳои эҳтимолии мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.
Сипоҳи Посбонони Инқилоби Исломӣ дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон кард ва кишварҳои ҳамсояи арабӣ ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Якчанд кишвари минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.
Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамла ба манзилаш кушта шудааст ва кишвар 40 рӯзи мотам эълон кард.