ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Сафорати Эрон дар Душанбе барои шаҳидони ҷанг бо Амрико "Дафтари ёдбуд" боз кард.
“Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе дар пайи кушта шудани раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ ва ҷамъе аз мақомдорону шаҳрвандони ин кишвар бар асари ҳамлаҳои Амрикову Исроил "Дафтари ёдбуд" боз мекунад”, - таъкид хабар додааст сафорат.
Хоҳишмандон метавонанд рӯзи 5 март аз соати 09.30 то 16.30 ба Сафорати Ҷумҳурии Исломӣ дар Душанбе рафта, ба мардуми Эрон расман ҳамдардӣ ва онро дар “Дафтари ёдбуд” сабт кунанд.
“Маросими ёдбуд пагоҳ, 5-уми март, аз соати 9:30 то 16:30 дар бинои Сафорати Эрон дар Душанбе баргузор хоҳад гашт”, - таъкид кардааст сафорати Эрон.
Ёдовар мешавем, ки Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо ба таҳдидҳои эҳтимолии мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.
Сипоҳи Посбонони Инқилоби Исломӣ дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон кард ва ба кишварҳои ҳамсояи арабӣ ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Якчанд кишвари минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.
Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамла ба манзилаш кушта шудааст ва кишвар 40 рӯзи мотам эълон кард.