ДУШАНБЕ, 5мар – Sputnik. Муовини вазири ҷанги ИМА дар умури корҳои сиёсӣ Элбриҷ Колби гуфт, ки маъмурияти Трамп барои ба анҷом расонидани низоъ дар Украина комилан содиқ аст.
"Ҳамаи мо хоҳиши президент (Трамп)-ро барои иҷрои он медонем. Ба назари ман вазифаи ахлоқии мо ин хотима додан ба ин муқовимати фоҷиабор аст", - гуфт ин мақомдор зимни суханронӣ дар Шӯрои муносибатҳои хориҷӣ.
Даври охирини музокирот байни Русия, Иёлоти Муттаҳида ва Украина рӯзҳои 17-18 феврал дар Женева баргузор шуд.
Пас аз музокирот, Владимир Мединский, раҳбари ҳайати Русия ва ёвари президент, дар бораи мулоқоти нав дар ояндаи наздик эълон карданд. Рустам Умеров, котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Украина, қайд кард, ки дар музокирот пешрафтҳо ба даст омадаанд.
Қаблан, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Русия омода аст, ки бо такя ба тафоҳумҳое, ки президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп дар нишасти Аляска ба даст овардаанд, роҳи ҳалли музокироти бӯҳрони Украинаро пайгирӣ кунад.