Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир

Сомон Эйр парвозҳояшро дар масири Душанбе – Дубай – Душанбе муваққатан лағв кард

Бино бар вазъ дар фазои Ховари Миёна ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон парвозҳояшро ба самтти Дубай то 6 март лағв кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар – Sputnik. Ширкти ҳавопаймоии Сомон Эйр парвозҳоро дар масири Душанбе – Дубай – Душанбе то 6 марти соли 2026 муваққатан манъ кард.
Ширкати қайд кардааст, ки сабаби маҳдудиятҳо мавҷуда вазъ дар фазои Ховари Миёна будааст.
Ширкат ба мусофироне, ки аллакай барои парвоз чипта харидаанд, тавсия додааст, ки вазъ дар бораи парвозро пешакӣ дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ назорат кунанд ё бо ширкат дар тамос бошанд.
Ёдовар мешавем, ки Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо ба таҳдидҳои эҳтимолии мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Бидуни зарурат ба берун набароед: муроҷиати Сафорати Тоҷикистон дар АМА ба шаҳрвандони худ
Сипоҳи Посбонони Инқилоби Исломӣ дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон кард ва кишварҳои ҳамсояи арабӣ ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Якчанд кишвари минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.
Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамла ба манзилаш кушта шудааст ва кишвар 40 рӯзи мотам эълон кард.