Вазорати меҳнати Тоҷикистон аз тағйиротҳои нави қонуни муҳоҷиратӣ дар Русия хабар дод

Мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирон гуфт, дар кадом сурат корфармоёни Русия метавонанд шартномаи меҳнатиро бо кормандони хориҷӣ бекор кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Намояндагӣ вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз 1 марти соли равон тибқи қавонини Русия рӯйхати асосҳо барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрванди хориҷӣ васеъ карда шуд.
Ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки аз 1 март корфармоён ҳуқуқ пайдо карданд, ки шартномаи меҳнатиро бо кормандони хориҷӣ дар ҳолате бекор намоянд, ки агар субъекти Русия нисбат ба намуди муайяни фаъолияти меҳнатии онҳо маҳдудият ҷорӣ намояд.
Мақомоти Тоҷикистон қайд намудааст, ки қаблан Кодекси меҳнатии Русия танҳо дар ҳолати ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар сатҳи федералӣ имконияти қатъ намудани шартномаи меҳнатиро бо шаҳрванди хориҷӣ пешбинӣ мекард.
“Тағйиротҳои воридшуда ин рӯйхатро бо асосҳое, ки ба қарорҳои мақомоти давлатии субъектҳои Русия вобастаанд, пурра менамоянд”, - зикр кардааст Намояндагӣ.
Сиёсати нави муҳоҷират дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик чӣ маъно дорад
Ин ниҳоди давлатӣ хотиррасон шудааст, ки аз соли 2015 субъектҳои Русия ҳуқуқ доранд ҳамасола нисбат ба ҷалби кормандони хориҷие, ки ба ин кишвар дар низоми бидуни раводид ворид шуда, дар асоси патент фаъолият мекунанд, барои намудҳои алоҳидаи фаъолияти иқтисодӣ маҳдудият муқаррар намоянд.