ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Бо сабаби оғози амалиёти низомӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ташаннуҷи вазъият дар минтақа, сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки Эронро такр кунанд.
кишварро бо истифода аз имконоти дастрас тарк намоянд.
Ҳамчунин ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки оромиро нигоҳ доранд, ҳушёр ва бодиққат бошанд, пайваста иттилоот ва тавсияҳои расмии Сафорат ва мақомоти Эронро пайгирӣ намоянд.
"Аз будубош дар наздикии иншооти ҳарбӣ ва давлатӣ худдорӣ кунанд, инчунин аз аксбардорӣ ва наворбардорӣ дар тамоми ҳудуди кишвар парҳез намоянд",- афзудааст намояндагии дипломатӣ.
Ба шаҳрвандони тавсия дода мешавад, ки кишварро бо истифода аз имконоти дастрас тарк намоянд.
Таъкид шудааст, ки сафорат фаъолияти худро дар низоми муқаррарӣ идома дода, омода аст барои мусоидат дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба хориҷшавии шаҳрвандон аз Эрон кумак расонад.
Ҳамлаҳои ИМА ва Исроил
Рӯзи шанбе ИМА ва Исроил амалиёти бузурги низомиро алайҳи Эрон оғоз карданд.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта Иёлоти Муттаҳида бо Ҷумҳурии Исломӣ дар бораи "парвандаи ҳастаӣ" музокирот мекард.
Тел-Авив изҳор дошт, ки ҳадафи ҳамлаҳо пешгирӣ аз ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Теҳрон буд.
Кохи Сафед, дар навбати худ, нияти худро барои нобуд кардани нерӯҳои баҳрӣ ва саноати дифоъии Эрон эълон кард ва аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки режимро сарнагун кунанд. Эрон бо зарба задан ба қаламрави Исроил ва инчунин иншооти низомии Амрико дар Ховари Миёна посух дод.
Хабарҳои расонаҳо нишон медиҳанд, ки мушакҳо на танҳо ба иншооти низомӣ, балки ба инфрасохтори шаҳрвандии Эрон низ зарба задаанд. Шумораи зиёди қурбониён ва захмиён гузориш дода мешаванд.
Аз ҷумла раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамлаҳои Исроил ва Иёлоти Муттаҳида ба шаҳодат расид, хабар дод Телевизиони давлатии Ҷумҳурии Исломӣ. Ҳамчунин дар баробари ӯ Абдурраҳим Мусавӣ - сардори Ситоди қувваҳои мусаллаҳ, Муҳаммад Покпур - сарфармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Алӣ Шамхонӣ - мушовири фармондеҳи олӣ ва котиби Шӯрои мудофиа, Азиз Носирзода - вазири мудофиаи Эрон ба шаҳодат расиданд.
Русия изҳор дошт, ки ҳамлаҳои Вашингтон ва Тел-Авив ба нигоҳ доштани режими паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ҳеҷ иртиботе надоранд ва талаб кард, ки ба музокирот баргарданд. Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров таъкид кард, ки Маскав омода аст, ки ба ҳалли масъала, аз ҷумла тавассути Шӯрои Амнияти СММ, мусоидат кунад.