Дар Душанбе муоинаи ҳатмии техникии нақлиётро камераҳо месанҷанд

Раёсати умури дохилии Душанбе аз роҳандозии радарҳои назоратӣ дар роҳҳои пойтахт хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Камераҳо ва радарҳои назоратӣ дар Душанбе ба таври худкор мавҷудияти суғуртаи ҳатмӣ ва муоинаи ҳатмии техникии нақлиётро месанҷанд.
Ин навгонӣ аз 5 мартдар пойтахти Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
Дар ин бора, Раёсати умури дохилии Душанбе хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳолати набудани онҳо аввал паёмаки огоҳӣ ирсол ва барои бартараф намудани камбудӣ 10 шабонарӯз муҳлат дода мешавад.
Дар сурати бартараф нагардидани камбудиҳо пас аз муҳлати муайяншуда, нисбати ронандагон
барои аз муоинаи ҳатмии техникии давлатӣ нагузаштани ба андозаи,3 нишондиҳанда - 234 сомонӣ,
барои надоштани суғуртаи ҳатмӣ ба андозаи 1 нишондиҳанда - 78 сомонӣ,
ҷарима татбиқ мешавад.
Чорқатора ва бо пайраҳаҳои вижа: роҳи Данғара - Гулистон бо тарҳи ҷадид сохта мешавад
Мақомоти умури дохилӣ барои маълумоти иловагӣ рақамҳои телефони 39-39 - дар бораи суғуртаи электронӣ ва 300-20-30-40 - дар бораи муоинаи техникии воситаҳои нақлиётро пешниҳод кардааст.