ДУШАНБЕ, 27 фев – Sputnik. Котиботи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба хабаргузории РИА Новости гуфт, ки ягона роҳи ҳалли дурусти низоъ байни Афғонистон ва Покистон сиёсӣ ва дипломатӣ мебошад.
"Ин созмон ба сулҳу субот дар минтақа манфиатдор аст ва бовар дорад, ки ягона роҳи ҳалли дуруст ин масъала ҳалли сиёсӣ ва дипломатии низоъ аст", - гуфт Котиботи СПАД.
Ин Созмон эълон кардааст, ки вазъиятро дар марзи Афғонистону Покистонро бодиққат назорат дорад.
Ҳамзамон Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, гуфт, ки Русия аз шиддат гирифтани даргириҳои мусаллаҳона байни Покистон ва Афғонистон нигарон аст ва аз ҷонибҳо даъват кард, ки аз ин муқовимати хатарнок даст кашанд ва ба мизи музокирот баргарданд.
"Мо аз шиддат гирифтани даргириҳои мусаллаҳона байни Аморати Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, нигарон ҳастем. Дар ҳарду ҷониб, аз ҷумла шаҳрвандон, талафот дида мебинанд", - гуфт хонум Захарова.
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки Русия аз Афғонистон ва Покистон даъват мекунад, ки ҳама ихтилофотро тавассути роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал кунанд.
Дар пайи даргириҳои шаби гузаштаи миёни марзбонони афғону покистонӣ дар имтидоди хати фарзии дюранд, ҳар ду тараф муддаии ворид кардани талафот ба тарафи муқобил шудаанд.
Ин даргириҳо шаби гузашта оғоз шуд ва то ҳудди дувоздаҳ шаб идома ёфт.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангуии ҳукумати Толибон*, пеш аз оғози даргириҳо гуфта буд, ки дар вокуниш ба "саркашиҳои низомии урдуии Покистон", амалиёти густардаи таҳоҷумӣ бар марокиз ватаъсисоти шабҳи низомиёни покистонӣ дар имтидоди хати дюранд оғоз шудааст.
Ҳамчунин Толибон*, эълом карданд, ки нахустин ҳамалот "интиқомҷӯёна" бар мавозиъ вапосгоҳҳои низомиёни покистонӣ дар вилоятҳои Нангарҳору Кунар оғоз шуд ва сипас дар имтидоди хати дюранд ба вилоятҳои Наврасатон, Пактиё, Хуст , Пактико, Қандаҳор ва Ҳилманд низ густариш ёфт.
Артиши Покистон низ ба амалиётҳои ҷавобӣ дар марз оғоз карда ва бо ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Клбул ва дигар манотиқи Афғонистон зарбаҳои мушакӣ зад.
Субҳи имрӯз Вазорати дифоъи Афғонистон аз анҷоми амалиёти низомии худ алайҳи Покистон хабар дод.
Вазорати дифоъ дар изҳороте, ки шаби ҷумъа нашр шуд, гуфт: "Нисфи шаб, бо фармони мустақими сардори ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Аморати Исломӣ, амалиёти низомӣ бомуваффақият анҷом ёфт."
Гуфта мешавад, ки Афғонистон шабона дар посух ба "таҷовузи бешармонаи режими низомии Покистон ба қаламрави Афғонистон, ки боиси марги занон ва кӯдакони бегуноҳ гардид," "ҳамлаҳои қотеъ"-ро оғоз кардааст.
Дар изҳорот илова карда мешавад: "Дақиқан соати 8:00-и шом, нерӯҳои Толибон ба постҳои низомии Покистон дар хатти Дюранд дар вилоятҳои шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ, аз ҷумла Пактика, Пактия, Хост, Нангарҳор, Кунар ва Нуристон, зарба заданд."
Ба гуфтаи Вазорати дифоъи Афғонистон, амалиёт боиси кушта шудани 55 душман шудааст. Ду пойгоҳи низомӣ ва 19 пости низомӣ забт карда шуданд. "Даҳҳо силоҳи сабук ва вазнин, анбори калони лавозимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти низомӣ забт карда шуданд. Як танки душман нобуд карда шуд ва як мошини калони нақлиётии низомӣ забт карда шуд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Ҷониби Афғонистон низ талафот дид: ҳашт сарбоз кушта ва 13 нафар маҷрӯҳ шуданд. Илова бар ин, 13 шаҳрванди афғон, аз ҷумла занон ва кӯдакон, дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии душман ба урдугоҳи паноҳандагон дар Нангарҳор маҷрӯҳ шуданд.
Фармондеҳии Вазорати дифоъ қайд кард, ки "ҳамаи ҳадафҳои амалиёт” дақиқ анҷом ёфтанд.
*-ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.